“IT Park”- и Ӯзбекистон даъвои ҷавони тоҷикро оид ба $10 млн нархгузорӣ кардани “Dodaho.tj” рад кард

«Ин маълумоти нодуруст аст. Аз ҷониби роҳбарияти “IT Park” чунин пешниҳоде нашудааст», – гуфтанд ба “Азия-Плюс“ дар  маркази матбуотии ин ширкат. Ҳафтаи пеш Файзулло Сафаров, таҳиягари системаи “Dodaho.tj” ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки “IT Park”- и Ӯзбекистон бо харҷи 10 млн. доллари америкоӣ хостори харидории стартапи системаи ҷустори тоҷикии  “Dodaho.tj” мушобеҳ ба Google ва […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

«Ин маълумоти нодуруст аст. Аз ҷониби роҳбарияти “IT Park” чунин пешниҳоде нашудааст», – гуфтанд ба “Азия-Плюс“ дар  маркази матбуотии ин ширкат.

Ҳафтаи пеш Файзулло Сафаров, таҳиягари системаи “Dodaho.tj” ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки “IT Park”- и Ӯзбекистон бо харҷи 10 млн. доллари америкоӣ хостори харидории стартапи системаи ҷустори тоҷикии  “Dodaho.tj” мушобеҳ ба Google ва ё Яндекс шудааст.

Номбурда гуфт, онҳо ба харидорони ӯзбек посухи рад доданд, зеро нафаре, ки худро менеджери “IT Park”- и Ӯзбекистон муаррифӣ кард, мехост баъди харидорӣ “Dodaho.tj” – ро ба “Dodaho.uz” тағйир диҳад ва ин хилофи манфиатҳои миллӣ аст.

Ӯ нафари мушаххасро аз “IT Park”- и Ӯзбекистон ном нагирифт ва танҳо гуфт, як нафар ба ӯ занг зада, худро яке аз менеҷерҳои ин ширкат муаррифӣ кард ва ба ӯ пешниҳод намуд, ки стартапашро бо чунин нарх фурӯшад.

Ҳамчунин, Сафаров розӣ нашуд, рақами телефони “менеджер”- и “IT Park”- и Ӯзбекистонро ба мо пешниҳод кунад ва гуфт, пешниҳодкунанда хостааст, ки номаш ифшо нашавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.