Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои ҷаҳон хост, ба террористон паноҳгоҳ надиҳанд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, зимни суханронии имрӯзааш дар конфроси зиддитерористӣ дар Душанбе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хостааст, ба шахсони муттаҳам ба терроризм паноҳгоҳ надиҳанд. Президенти Тоҷикистон дар ин суханронӣ аз ҳеч гурӯҳу давлати хосе ном набурдааст, вале гуфтааст, террористону ифротгароён аз ин роҳ сӯйистифода мекунанд. “Мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” хуб истифода карда, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, зимни суханронии имрӯзааш дар конфроси зиддитерористӣ дар Душанбе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хостааст, ба шахсони муттаҳам ба терроризм паноҳгоҳ надиҳанд.

Президенти Тоҷикистон дар ин суханронӣ аз ҳеч гурӯҳу давлати хосе ном набурдааст, вале гуфтааст, террористону ифротгароён аз ин роҳ сӯйистифода мекунанд.

“Мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар мутараққӣ сӯйистифода менамоянд”, – иқтибос меорад Радиои Озодӣ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, масъалаҳои ҳуқуқи башар ва ифротгароиву терроризм бояд ҷудо аз якдигар баррасӣ шаванд.

Ҳамин тавр, тамаркузи дигари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқобила бо терроризм дар Душанбе ба сари масъалаи марз ва хатарҳо аз Афғонистон будааст, ки дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, “дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст”.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки “бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлабро фароҳам меоранд”.

Ӯ гуфтааст, “ин гуна рӯйкардҳо, ба назари мо, ғайрисозанда буда, гурӯҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд”.

“Ҳамчунин, қобили тазаккур аст, ки имрӯз созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфиятҳои технологияи иттилоотии пешрафта фаровон истифода мебаранд, ки бояд ин мавзӯъ мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирандешии муассири масъулону коршиносон қарор гирад”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон бо такя ба таҳлили пешбиниҳо гуфтааст, “чунин вазъият дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома ёфта, ҳузур ва фаъолияти ДОИШ ва Ал-Қоида густариш меёбад”.

Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон “зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир”-ро махсусан таъкид намудааст.

Президент гуфтааст, Тоҷикистон барои таҳкими марзаш бо Афғонистон дар ду соли охир 175 иншооти сарҳадӣ сохта, лозим аст, боз 300 иншооти дигар бунёд намояд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад, ки як қисми он дар минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон ин суханони худро имрӯз, 18-уми октябр, дар Душанбе, дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иброз дошт. Конфронси мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон ташкил гардида, рӯзҳои 18-19-уми октябр  баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.