“Омӯзиши духтарон, низоми бонкӣ ва расонаҳо”. Масоиле, ки Роза Отунбоева бо роҳбарони Толибон* баррасӣ намуд

Роза Отунбоева, фиристодаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар масоили Афғонистон, дар аввалин дидори худ бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ дар масоили эътимодсозӣ, системаи бонкӣ ва омӯзиш барои ҳама, бахусус духтарон, баҳсу гуфтугӯ намудааст. Дар ин бора Ҳайати муовинони СММ (UNAMA) дар масоили Афғонистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ Роза Отунбоева […]

Роза Отунбоева, фиристодаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар масоили Афғонистон, дар аввалин дидори худ бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ дар масоили эътимодсозӣ, системаи бонкӣ ва омӯзиш барои ҳама, бахусус духтарон, баҳсу гуфтугӯ намудааст. Дар ин бора Ҳайати муовинони СММ (UNAMA) дар масоили Афғонистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ Роза Отунбоева ва Амирхон Муттақӣ бо вуҷуди тафовути назарҳо ба зарурати наздиктар сохтани Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири афғонҳо тавофуқ намудаанд.

Ҳамчунин, Роза Отунбоева бо Мавлавӣ Абдулкарим, муовини Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон мулоқот намуда, дар мавриди ҳуқуқи расонаҳо, омӯзиши духтарон, ҳукуматдорӣ, саҳми ҳаётии ҳамаи афғонҳо, аз ҷумла, занон дар бозсозии Афғонистон гуфтугӯ намудааст.

Фиристодаи СММ барои Афғонистон бо Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дигари Охундзода дар робита ба масоили кӯмакҳои байналмилалӣ, маводди мухаддир ва аҳамияти омӯзиши духтарон суҳбат кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Роза Отунбоева, фиристодаи вижаи СММ дар Афғонистон қаблан дар маснади президенти Қирғизистон фаъолият карда, муддате ҳукумати гузори ин кишварро роҳбарӣ намудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.