Дар баъзе ноҳияҳои пойтахт интиқоли об як шабонарӯз қатъ мешавад

Дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обрасон давра ба давра қатъи интиқоли оби нӯшокӣ дар Душанбе идома дорад. Имрӯз аз соати 23:00 то  соати 24:00-и рӯзи 20 октябр интиқоли об ба ду ноҳияи зерини пойтахт қатъ мешавад: Дар ноҳияи Фирдавсӣ: – Маҳаллаҳои  Гулбутта, Қаротегин, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, […]

Asia-Plus

Дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обрасон давра ба давра қатъи интиқоли оби нӯшокӣ дар Душанбе идома дорад.

Имрӯз аз соати 23:00 то  соати 24:00-и рӯзи 20 октябр интиқоли об ба ду ноҳияи зерини пойтахт қатъ мешавад:

Дар ноҳияи Фирдавсӣ:

– Маҳаллаҳои  Гулбутта, Қаротегин, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61 ,63, 64, 65, кӯчаҳои Н. Қарабоев, Қаҳҳоров, М. Маҳмадалиев ва А. Наҷмиддин;

Ноҳияи Шоҳмансур:

– Кӯчаҳои М. Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро – 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М. Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С. Р. Афардӣ, Улуғбек, У. Зоконӣ, А. Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то КВД «Меҳмонхонаи Душанбе» ва қисмати кӯчаи С. Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.