Cамарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2024 пешбарӣ шуд

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номзадии шаҳри Самарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 пешбарӣ шуд. Дар ин бора Podrobno.uz хабар медиҳад. Зимни суханронӣ дар ҷаласа президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зикр кард, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона яке аз самтҳои муҳимтарини робитаҳои мутақобила дар паҳнои ИДМ мебошад. Гуфта мешавад, бо […]

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номзадии шаҳри Самарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 пешбарӣ шуд. Дар ин бора Podrobno.uz хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зикр кард, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона яке аз самтҳои муҳимтарини робитаҳои мутақобила дар паҳнои ИДМ мебошад.

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи инноватсия ва байни ҷавонон Шавкат Мирзиёев пешниҳод намудааст, ки соли оянда дар Ӯзбекистон таҳти унвони “Ҷавонон ҷонибдори инноватсия” (Молодежь за инновации) Конгресси якуми олимони ҷавони ИДМ гузаронида шавад.

Ӯ ҳамчунин омодагии Ӯзбекистонро ба минбаъд фаъолона мусоидат намудан ба амалисозӣ ва иштирок дар лоиҳа ва барномаҳои муштарак дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, варзиш, фарҳанг ва ҳунар изҳор доштааст.

Президенти Ӯзбекистон аз қарори пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Санкт-Петербург дар соли 2023 ҷонибдорӣ кардааст. Номзадии шаҳри Самарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 пешбарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки Самарқанд яке аз шаҳрҳои маъруфи таърихии Ӯзбекистон мебошад. Он теъдодии зиёди сайёҳонро ҷалб мекунад, зеро дар он анъанаҳои қадимии Шарқ ва замони муосир ба ҳам тавъаманд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.