“Онҳо шаҳиданд”. Ҳамдардии муфтии Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон, зимни аёдат аз хонаводаи онҳое, ки дар муноқишаҳои охири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қурбон шуданд, гуфтааст, афроде, ки дар роҳи ҳифзи Ватан аз ҳар гуна таҷовуз ҷон супурдаанд, ба мартабаи баланди шаҳодат расидаанд. Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросим хабар доданд, ходимони динии кишвар, аз ҷумла […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон, зимни аёдат аз хонаводаи онҳое, ки дар муноқишаҳои охири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қурбон шуданд, гуфтааст, афроде, ки дар роҳи ҳифзи Ватан аз ҳар гуна таҷовуз ҷон супурдаанд, ба мартабаи баланди шаҳодат расидаанд.

Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросим хабар доданд, ходимони динии кишвар, аз ҷумла Сулаймон Давлатзода, раиси  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон аввали моҳи октябр хонавода ва пайвандони ҳар як шаҳидони марзро аёдат карда, ба онҳо кумаки ғизоӣ ва пулӣ расонидаанд.

“Намояндагони Кумита ба аҳли хонавода, падару модар ва фарзандону пайвандони онҳое, ки дар роҳи таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми Ватан, якпорчагии давлат ва ҳимояи он аз ҳуҷумҳои таҷовузкорона сина сипар карданд, изҳои таъзия ва ҳамдардӣ намуданд”,- менависад манбаъ.

Аз ин ниҳод афзуданд, Сулаймон Давлатзода зимни суҳбат бо падару модарони афсарону сарбозони шаҳидгардида барои тарбияи фарзандони ғайюру ватандӯст ва фидоии роҳи Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуда, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо изҳори таслияту ҳамдардӣ баён намудааст.

Саидмукаррам Абдуқодирзода афзудааст, афроде, ки дар роҳи ҳифзи Ватан аз ҳар гуна таҷовуз ҷон супурдаанд, ба мартабаи баланди шаҳодат расидаанд ва шаҳидон дар назди Худованд аз эътибори баланде бархӯрдоранд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии сарҳад миёни ҳам баҳс доранд ва сари ҳар чанд вақт ин боис ба муноқишаи мусаллаҳона низ мегардад. Охирин муноқишаи марзӣ, ки 14-17-уми сентябр сар зад, боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид.

Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.