Иштироки 11 ҷудокори тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam 2022”

Пагоҳ, 21-уми октябр, мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2022” оғоз мешавад ва дар он 11 варзишгари тоҷик иштирок меварзад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар медиҳад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг, Шодмон […]

Пагоҳ, 21-уми октябр, мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2022” оғоз мешавад ва дар он 11 варзишгари тоҷик иштирок меварзад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар медиҳад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг намояндагӣ мекунанд.

Дар вазнҳои то 100 кг ва бештар аз он Абӯбакри Акобир, Эмомризо Анварзода ва Темур Раҳимов ширкат хоҳанд кард.

Миёни занон бошад, Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кг ва Мавлуда Одинаева дар вазни то 63 кг иштирок мекунанд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо менависад, марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти "Grand Slam" дар мавсими имсола дар ду давлати дигар баргузор мешаванд, ки барои дарёфти холҳои варзишӣ имкони нав аст.

Мусобиқа ду рӯз дар шаҳри Абузабӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб идома карда, дар он ширкати 430 варзишгар аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) аз 66 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2022” рӯзи 23-юми октябр ба анҷом мерасад.

Бояд гуфт, ки ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад ва ғолибонро аз 260 то 1000 холи олимпӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар ин мусобиқа се варзишкори кишвар Комроншоҳи Устопириён (нуқра), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов (ҳарду биринҷӣ) медал гирифта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.