Муҳоҷирон аз гирифтани шаҳрвандии Русия худдорӣ мекунанд. Бар асари ҷанг дар Украина

Ба Русия омадани муҳоҷирон ҳатто дар пасманзари қисман сафарбарсозии ҳайтаи захираҳои ҳарбӣ ба артиш дар Русия тағйир наёфт, изҳор доштааст ба “Известия” роҳбари Маркази таҳқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандаҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷиии муқими Русия бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат карда, […]

Ба Русия омадани муҳоҷирон ҳатто дар пасманзари қисман сафарбарсозии ҳайтаи захираҳои ҳарбӣ ба артиш дар Русия тағйир наёфт, изҳор доштааст ба “Известия” роҳбари Маркази таҳқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандаҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷиии муқими Русия бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат карда, ҷараёни гирифтани шиносномаро ба вақти дигар мегузоранд.

“Мисли пешина шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон дар Русия кору зиндагӣ кардан мехоҳанд. Инчунин шаҳрвандони Озарбойҷону Арманистон ва Украинаву Молдова низ. Зеро дар ин ҷойҳо бахусус дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойҳои корӣ зиёд нашуда, рӯзгорашон ҳам беҳбудӣ наёфтааст. Дар Русия бошад, шуғлу сатҳи баланди маош боқӣ монд”, – иброз доштааст ӯ.

Ба ақидаи Поставнин, дар робита ба маъракаи қисман сафарбарӣ ба амалиёти низомии махсус танҳо рафтори касоне, ки мехостанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, тағйир ёфтааст.

“Пеш аз ҳама, сухан дар бораи шаҳрвандони он кишварҳое меравад, ки раҳбарияти онҳо иштироки шаҳрвандони худро дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина, ҳатто то ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан барои ин кор манъ кард. Бахусус, ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дорад”, – гуфтааст коршинос.

Номбурда зикр кардааст, ки чунин тамоиле вуҷуд дорад, ки хориҷиён ҷараёни гирифтани шиносномаро мутаваққиф карда, бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат мекунанд.

“Бо ин ҳуҷҷатҳо кору зиндагӣ кардан мумкин аст. Занони хориҷӣ, ки ба маъракаи қисман сафарбарӣ ба артиш ҷалб намешаванд, мисли пешин ба корашон ва гирифтани шиносномаи Русия идома медиҳанд”, – илова намудааст Вячеслав Поставнин.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.