Рамазон Раҳимзода: Беш аз 3 ҳазор террорист шиносномаи Афғонистонро гирифтаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар конфронси зиддитерроризм дар Душанбе гуфт, мақомоти Афғонистон ба аъзои созмонҳои террористӣ беш аз 3 ҳазор шиноснома доданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. “Ба аъзои созмонҳои террористӣ аллакай беш аз 3 ҳазор шиносномаи Афғонистон дода шудааст, ки бори дигар хатари ин режимро тасдиқ мекунад”, – […]

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар конфронси зиддитерроризм дар Душанбе гуфт, мақомоти Афғонистон ба аъзои созмонҳои террористӣ беш аз 3 ҳазор шиноснома доданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Ба аъзои созмонҳои террористӣ аллакай беш аз 3 ҳазор шиносномаи Афғонистон дода шудааст, ки бори дигар хатари ин режимро тасдиқ мекунад”, – иқтобос меорад манбаъ.

Ба гуфтаи Раҳимзода, “мушкилоти Афғонистон бояд дар маркази таваҷҷӯҳи доимӣ бошанд”.

Ҳамин тавр, ӯ гуфтааст, тамоюли авҷ гирифтани терроризм дар Афғонистон на танҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои минтақа низ хатари мустақим дошта метавонад.

Бояд гуфт, дар ин конфронси зиддитеррористӣ дар Душанбе масоили доғи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гашт ва мақомдорони тоҷик хатарҳои ҳамсарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистонро матраҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон ташкил гардида, рӯзҳои 18-19-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.