Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хурдсол тасмим гирифтааст, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи иммунизатсияи кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкиро оғоз намояд.
Тавре сомонаи иттилоотии вазорат иттилоъ медиҳад, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар синни 2, 4 ва 12 моҳагӣ бояд қабул кунанд.
“Ваксинаи интихобшуда кӯдаконро аз 10–намуд серотипҳои паҳншудатарини сирояти пневмококкӣ муҳофизат мекунад. Ваксинаи мазкур дорои сертификати сифатнокии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошад”, – гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Маъракаи иммунизатсия аз имрӯз, 1-уми ноябр, оғоз гардида, волидон метавонанд кӯдакони 2-моҳаи хешро ба муассисаҳои тиббии ҷои зисти худ бурда, онҳоро бо вояи якуми ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ фаро гиранд.
Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар 2, 4 ва 12 – моҳагӣ қабул мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз 1-уми ноябр кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи якум вояҳои дуюм ва сеюми ваксинаро бояд аз рӯи муҳлати дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд. Яъне, барои пурра таъмин намудани масунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.


