“Таърихи тоҷикони Варорӯд”. Таърихномаи ҳуҷуми Русия ба Осиёи Миёна дар Эрон нашр шуд

Намоз Ҳотамов, профессор ва таърихнигори тоҷик, перомуни ҳуҷуми артиши рус ба сарзаминҳои Осиёи Миёна китоби нави худро ба унвони “Таърихи тоҷикони Варорӯд аз даҳаи 1860 то соли 1924” дар Эрон ба нашр расонидааст. Муаррих дар суҳбати кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ин китоб ба таърихи ду қарни охири тоҷикони Варорӯд бахшида шуда, онро муҳаққиқи эронӣ Ораши […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Намоз Ҳотамов, профессор ва таърихнигори тоҷик, перомуни ҳуҷуми артиши рус ба сарзаминҳои Осиёи Миёна китоби нави худро ба унвони “Таърихи тоҷикони Варорӯд аз даҳаи 1860 то соли 1924” дар Эрон ба нашр расонидааст.

Муаррих дар суҳбати кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ин китоб ба таърихи ду қарни охири тоҷикони Варорӯд бахшида шуда, онро муҳаққиқи эронӣ Ораши Эронпур ба нашр омода намудааст.

Ораши Эронпур дар сарсухани худ навишта, ки “баррасии ҳамзамон ва муфассали ин масъалаҳо, ба вижа дар шароити имрӯза барои дарки нозукиҳои истиқлоли миллӣ ва гузор ба иқтисоди бозор аҳамияти хосс дорад”.

“Таърихи тоҷикони Варорӯд” аз 11 боб таркиб ёфта, 5 боби аввали китоб ба баррасии авомилу сабабҳои таҷовузи артиши рус ба сарзамини Варорӯд бахшида шудааст.

Ба гуфтаи муаллиф, бар асоси манобеи русӣ ва форсӣ, ӯ раванди истилои ин сарзамин ва мулҳақ гаштани он ба қаламрави императории Русияро ба қалам додааст.

Ҳамин тавр, ба дунболи он ҳаракати маорифпарварӣ ва ҷунбиши ҷадидия ва роҳ ёфтани саромояву бонкдорӣ ба хиттаи Варорудро таҳқиқ намудааст.

Намоз Ҳотамов дар панҷ боби дигар фоҷеаи инқилоби Русия ва тасаллути болшевизм дар Варорӯд, иқдомоти нахустини ҳукумати Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, сарнагунии иморати Бухоро ва саранҷом тақсимоти марзӣ ё “табартақсим”-и маъруфро, ки яке аз натиҷаҳон он таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон буд, ба риштаи таҳрир кашидааст.

"Ният дорам, дар ояндаи наздик ҷилди дувуми ин китобро, ки ҳаводиси сад соли охир (1924-2024)-ро фаро мегирад, ба табъ расонам”, – гуфт муаллиф.

Ёдовар мешавем, ки Намоз Ҳотамов корманди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, муаллифи 3 китоби дарсӣ, 9 монография ва ҷилди 4,5,6 китоби "Таърихи халқи тоҷик" мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.