Китоби навбатии Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигори тоҷик таҳти унвони “Ашкҳои зери борон”, ки ба мавзӯи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бахшида шудааст, нашр гардид.
Саргузаштҳои талху зиндагии тоқатфарсо, иҷрои корҳои вазнину фиребхӯриҳо, ҳабсу бозпурсиҳо, ба доми фиреб афтодану муҷозот шуданҳо, муносибати хушунатомези миллатчиёну скинхедҳо нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва даҳҳо мушкилоти дигаре, ки ҳамсафари ҳамватанони мо дар диёри ғурбат мебошанд, дар ин китоб гирд оварда шудаанд.
Унвони китоб аз номи яке аз қиссаҳои детективии он – “Ашкҳои зери борон” гирифта шуда, ҳамчунин, дар он қиссаҳои детективию воқеӣ бо номҳои “Орзуҳои хокистаршуда”, “Доми фиреб”, “Рӯзи сиёҳи муҳоҷир”, “Қафас” ва “Даҳшат дар таҳхона” гирд оварда шудаанд.
Китоб инчунин бештар аз 100 латифаҳо ва хотираҳои кӯтоҳеро фаро гирифтааст, ки бевосита ба ҳаёт ва зиндагии муҳоҷирон бахшида шудаанд. Дар охири китоб 2 тарона ва рӯйхати тобутҳои муҳоҷирони омада аз 4 деҳаи шаҳри Панҷакент ҷой карда шуда, бо шеъре бо номи “Дуо” ҷамъбаст мешавад.
Ин китоби сеюми Холиқназар Ҷумъаев буда, ӯ инчунин муаллифи китобҳои “Парандаҳои муҳоҷир” (2013) ва “Биё, ки фолат бинам” (2021) мебошад. Китоби биё, ки фолат бинам дар озмуни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар номинатсияи наср “Китоби сол-2021” эълон шуда буд.


