Юсуф Ахмедов чӣ тавр қаҳрамони Аврупо оид ба пауэрлифтинг шуд?

Ин варзишгари номии тоҷик аз рӯзҳои аввали ба ин навъи варзиш таваҷҷӯҳ кардани худ ёд карда, мегӯяд, ки тасодуфан ба пауэрлифтинг ворид шудааст. “Ман аз назди толори фитнес мегузаштам ва хостам як даромада бинам. Дарун даромадам ва дидам, ки Толеъ Холназаров (пауэрлифтери маъруфи тоҷик, – эзоҳ аз муҳ.) он ҷо тамрин мекунад. Дарҳол ба ман ин варзиш […]

Asia-Plus

Ин варзишгари номии тоҷик аз рӯзҳои аввали ба ин навъи варзиш таваҷҷӯҳ кардани худ ёд карда, мегӯяд, ки тасодуфан ба пауэрлифтинг ворид шудааст.

“Ман аз назди толори фитнес мегузаштам ва хостам як даромада бинам. Дарун даромадам ва дидам, ки Толеъ Холназаров (пауэрлифтери маъруфи тоҷик, – эзоҳ аз муҳ.) он ҷо тамрин мекунад. Дарҳол ба ман ин варзиш писанд омад, Холназаров маро барангехт – ман мехостам мисли ӯ шавам. Ва ҳамин тавр мо бо ӯ тамринро оғоз кардем”, – мегӯяд ӯ.

Баъди як сол ӯ дар чемпионати Душанбе оид ба пауэрлифтинг ҷойи аввалро гирифт. Минбаъд – бештар: чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон ва Аврупо оид ба пауэрлифтинг ва ягона мутахассиси кишвар, ки Мактаби бодибилдинг ва фитнеси ба номи Бен Вейдерро хатм кардааст.

Ҳоло ӯ дар яке аз фитнес клубҳои маъруфи пойтахт дарс медиҳад – пауэрлифтерҳо ва бодибилдерҳои ҳақиқиро омода мекунад, ба одамон барои расидан ба бадани орзуяшон кӯмак мекунад.

Дасташ шикаст, маҷрӯҳ шуд, вале ҳамеша ба сӯи ҳадаф мерафт ва ба он мерасид. Чӣ тавр Юсуф шикаст нахурд, чигуна душвориҳоро паси cap кард — қиссаи навбатии мо!

Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» дар бораи варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи онҳое, ки ба ояндаи пуршарафи варзиши тоҷик умед мебахшанд, қисса мекунем. Ҳамаи онҳо ифтихори кишваранд ва ба онҳо нигариста мо хитоб мекунем: Тоҷикистон, ба пеш!

Сарпарасти кулли лоиҳа ширкати букмекерии 1XBET мебошад.

Бо промо-коди BAPESH дар сомонаи шарики мо сабти ном кунед ва дар пасандози аввалини худ бонус то 1430 сомонӣ гиред!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио