“Қуввати Афранг аз илму фан аст…” Таҷлили зодрӯзи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Сафорати Покистон дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзишии Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 145-умин солгарди зодрӯзи Аллома Муҳаммад Иқбол “Рӯзи Иқбол”-ро баргузор кард, ки дар он олимони шинохта, донишҷӯёни тоҷику покистонӣ ва намояндагони ҷомеаи Покистон ширкат доштанд. Чорабиниро профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ карда, дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ашъор ва […]

admin

Сафорати Покистон дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзишии Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 145-умин солгарди зодрӯзи Аллома Муҳаммад Иқбол “Рӯзи Иқбол”-ро баргузор кард, ки дар он олимони шинохта, донишҷӯёни тоҷику покистонӣ ва намояндагони ҷомеаи Покистон ширкат доштанд.

Чорабиниро профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ карда, дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ашъор ва фалсафаи Аллома Иқбол андешаҳои худро баён кард.

Сафир Имрон Ҳайдар дар суханронии худ фалсафаи шоири Шарқро, ки дар бедории сиёсии мусулмонони қитъа нақши муҳим бозидааст, таъкид кард.

Вай гуфт, Аллома Иқбол рӯҳияи мусалмононро барои ҷустуҷӯи шахсияти аслии онҳо, кашф ва тасвиби мафҳуми “худӣ” барои пешрафту шукуфоии фардӣ ва дастаҷамъӣ эҳё кард. Ашъори Аллома Иқбол паёми умумибашарӣ дорад, ки ӯ орзуи беҳбудии тамоми башариятро дошт.

Сафир Ҳайдар афзуд, ки Аллома Иқбол дар соли 1930 дар Оллоҳобод ба мо дар бораи ватани ҷудогона барои мусулмонони нимҷазираи худ гуфта буд, ки 14 августи соли 1947 ба воқеият табдил ёфт.

Дар рафти чорабинӣ чанде аз донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи паҳлӯҳои мухталифи осори Аллома Иқбол ибрози назар карданд.  Онҳо таъкид карданд, ки осори Иқбол дорои эътибори ҳамагонӣ буда, дар саросари ҷаҳон қадрдонӣ мешавад.  Барои муқовимат бо чолишҳои имрӯза, ки дар маҷмӯъ ҷомеъаҳои муосир ва ба вижа ҷомеаҳои мусулмониро азият медиҳанд, зарурати бозгашт ба паём ва тафаккури Иқбол пеш омадааст.

Ҳамчунин, зимни чорабинӣ донишҷӯёни факултети забони урдуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз абёти аллома Муҳаммад Иқбол шеърҳо қироат карданд.

Чорабинӣ бо тақдими туҳфаҳои барои донишҷӯён ва устодони донишгоҳ омоданамудаи Сафорати Покистон ба анҷом расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст