Боз як таркиш дар Истанбул

Дар ноҳияи Фотеҳи Истамбули Туркия таркиш ба амал омад ва алангаи он се мошинро фаро гирифт, менависад хабаргузории Haberturk. "Дар ноҳияи Фотеҳи Истамбул алангаи оташи мошине, ки бо сабабҳои номаълум месухт, мошинҳои дигарро, ки дар таваққуфгоҳ буданд, фаро гирифт. Дар ҷараёни сӯхтор, ки дар дурбинҳои телефонҳои мобилӣ сабт шудааст, садои таркишҳо шунида мешавад",- менависад хабаргузорӣ. […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар ноҳияи Фотеҳи Истамбули Туркия таркиш ба амал омад ва алангаи он се мошинро фаро гирифт, менависад хабаргузории Haberturk.

"Дар ноҳияи Фотеҳи Истамбул алангаи оташи мошине, ки бо сабабҳои номаълум месухт, мошинҳои дигарро, ки дар таваққуфгоҳ буданд, фаро гирифт. Дар ҷараёни сӯхтор, ки дар дурбинҳои телефонҳои мобилӣ сабт шудааст, садои таркишҳо шунида мешавад",- менависад хабаргузорӣ.

Сабабҳои таркишҳо ҳанӯз рӯшан нест. Ба навиштаи рӯзномаи “Yeni Akit”, сӯхтор танҳо набуда, балки чанд таркиш рух додааст. Аланга дар дохили мошин сар зада, сипас ба мошинҳои дигар паҳн шудааст. Ҳафт мошин осеби ҷиддӣ дида, таркишҳо дар байни мардум воҳима ба вуҷуд овардааст.

Нерӯҳои оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш кардаанд, полис ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст.

Ҳафтаи гузашта дар кӯчаи пиёдагардҳои Истиқлол дар маркази Истамбул таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа 6 нафар кушта ва 81 тани дигар захмӣ шуданд. Гумонбари таркиш Аҳлам Албашир, барои ҳамлаи террористӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Туркия, фармони анҷоми таркиш аз шаҳри марзии Кобании Сурия гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар 21 суроға кофтукоб анҷом дода, дар маҷмӯъ, нерӯҳои амниятии ин кишвар 50 нафарро боздошт кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст