Кӯмакҳо ба дасти ҷангҷӯён мерасад. Нигаронии Аҳмад Масъуд аз кумакҳои башардӯстонаи беназорат ба Афғонистон

Аҳмад Масъуд, раҳбар Ҷабҳаи муқовамати миллӣ бо интиқод аз шеваи ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон гуфтааст, ки кумакҳои молии башардӯстонаи бидуни назорат Толибон*ро тақвият медиҳад, хабар медиҳад "aamajnews". Раҳбар Ҷабҳаи муқовамат рӯзи гузашта чаҳоршанбе, 16-уми ноябр дар мусоҳибае бо сомонаи Breitbart (Брайтборт) афзудааст, ки ҳар ҳафта 40 миллион доллар бидуни ҳеҷ назорат ва ҳузури як […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Аҳмад Масъуд, раҳбар Ҷабҳаи муқовамати миллӣ бо интиқод аз шеваи ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон гуфтааст, ки кумакҳои молии башардӯстонаи бидуни назорат Толибон*ро тақвият медиҳад, хабар медиҳад "aamajnews".

Раҳбар Ҷабҳаи муқовамат рӯзи гузашта чаҳоршанбе, 16-уми ноябр дар мусоҳибае бо сомонаи Breitbart (Брайтборт) афзудааст, ки ҳар ҳафта 40 миллион доллар бидуни ҳеҷ назорат ва ҳузури як ниҳоди нозир ба Афғонистон фиристода мешавад, ки ин низоми Толибонро дар ин кишвар тақвият медиҳад.

Аҳмад Масъуд бо истиқбол аз ин кумакҳои ҷомеа ҷаҳонӣ хотир нишон кард, ки дар ҳоли ҳозир Толибон талош мекунанд, ки бахши зиёде аз ин кумакҳои башариро ба дасти ҷангҷуёни худ бирасонанд.

Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳон хостааст, ки бояд дар қиболи ояндаи Афғонистон иқдомҳоеро рӯйи даст гирад.

«Ман хоҳони ҳеҷ навъ кумаки низомӣ нестам. Он чӣ мехоҳам таваҷҷуҳи воқеӣ ба вазъият ва ҳимояти содиқонаи сиёсӣ аз мардуми Афғонистон ба хотири ёфтани як роҳиҳалли сиёсӣ барои шароити кунунии Афғонистон аст»,- гуфтааст роҳбари Ҷабҳа.

Аҳмад Масъуд ҳушдор додааст, ки ҳамаи кишварҳо, ба шумули Амрико Толибонро ба унвони як «таҳдиди террористии ҷиддӣ гиранд».

Ин интиқоди Аҳмад Масъуд дар ҳолест, ки Амрико эълом кардааст, ки дар яксоли гузашта беш аз 1 миллиард доллар кумаки башардӯстона ва фаврӣ ба Афғонистон ирсол шудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.