Ташкилоти фаръии Halyk Bank ба “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” фурӯхта шуд

Дар бораи фурӯши 100% саҳмияҳои ташкилоти фаръӣ дар Тоҷикистон дар сомонаи филиал дар ҷумҳурӣ хабар дода мешавад. ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” (ББТ) ҳамаи расмиёти маъқул шумориданро аз Бонки миллӣ гирифт. Муомилот моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад. Дар ҷараёни муомилот ва ҳатто ба охир расидани ҳамаи расмиёти зарурии гузариш, Бонк бо реҷаи муқаррарӣ кор […]

Дар бораи фурӯши 100% саҳмияҳои ташкилоти фаръӣ дар Тоҷикистон дар сомонаи филиал дар ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.

ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” (ББТ) ҳамаи расмиёти маъқул шумориданро аз Бонки миллӣ гирифт. Муомилот моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад.

Дар ҷараёни муомилот ва ҳатто ба охир расидани ҳамаи расмиёти зарурии гузариш, Бонк бо реҷаи муқаррарӣ кор карда, мувофиқи шартҳои созишномаи пешина ҳамаи навъҳои хидматрасонии бонкиро пешниҳод хоҳад кард.

“Дар бораи ҳеҷ як фурӯш ё ба ББТ гузаштани қарзу дороиҳо сухан намеравад. Бонк ба қабули пардохтҳо оид ба қарз мисли пешина идома медиҳад. Мизоҷони Халиқ бонк набояд қарзҳояшонро ба ББТ пардохт кунанд!”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Halyk Bank.

Дигар ҷузъиёти масъала, инчунин маблағи муомилоти хариду фурӯш ҳоло маълум нест.

Ҳанӯз тобистони соли 2021 “Бонки халқии Қазоқистон” (Halyk Bank) изҳор дошта буд, ки ният дорад бозори Тоҷикистонро тарк кунад: 30 июл шӯрои мудирон дар ихтиёран барҳамдиҳии таҳкилоти фаръӣ қарор қабул кард.

“Қарор дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои рушди бонки фаръӣ қабул карда шуд”, – зикр шуда буд дар хабар.

Пас аз қариб ду моҳ Halyk хабар дод, ки ташкилоти фаръӣ “бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият намуда, ҳама навъҳои хидматрасонии бонкиро пешниҳод ва ҳама гуна амалиёти бонкиро анҷом медиҳад.

Баъдан Halyk Bank дар бораи боздоштани амалиёти  байнибонкӣ дар Тоҷикистон аз 1 декабри соли равон хабар дод.

Қобили зикр аст, ки воҳиди “Бонки халқии Қазоқистон” дар бозори миёнаравии молиявии Тоҷикистон аз соли 2008 фаъолият дорад.

Тибқи маълумоти БМТ, ҳаҷми сармояи оинномавии “Халиқ Бонк Тоҷикистон” 34,4 млн сомонӣ (3 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.