Исмоили Маҳмадзоир, набераи президент раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд

19 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Исмоили Маҳмадзоир, набераи бузурги президенти кишвар раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд. Зимни ҷаласа таъкид гардид, […]

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

19 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Исмоили Маҳмадзоир, набераи бузурги президенти кишвар раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Мариус Визер Президенти феълии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо дода, номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба симати Президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон пешниҳод шуд. Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд.

Гуфта мешавад, ки Исмоили Маҳмадзоир аз хурдӣ ба варзиш машғул буда, дзюдо, футбол, аспдавонӣ аз намудҳои дӯстдоштаи варзиши ӯ ба ҳисоб меравад.

Солҳои охир ӯ ба бошгоҳи варзишии «Хоҷӣ Шариф» сарпарастӣ мекунад, ки он садҳо нафар варзишгарони ояндадорро тарбия менамояд. Ин клуб моҳи сентябри соли 2019 кушода шудааст.

Ҳадаф аз таъсиси ин клуб тарбияи варзишгарони ҳирфаӣ мебошад, ки метавонанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври муносиб муаррифӣ кунанд.

Яке аз беҳтарин варзишгарони ин бошгоҳ Сомон Маҳмадбеков дар риштаи дзюдо миёни ҷавонон қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Дар маҷмӯъ варзишгарони бошгоҳи «Хоҷӣ Шариф» дар сатҳи байналмилалӣ 171 медал, аз ҷумла 47 тилло, 30 нуқра ва 94 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.