JICA барои рақамикунонии китобҳо дар Тоҷикистон 597 ҳазор доллар грант ҷудо мекунад

Дар Душанбе маросими имзои санади дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷопон баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳо дар бахши фаъолияти китобхонаҳо танзим мешаванд. Тавре ки аз  шуъбаи байнулмилалии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, барои ин аз ҷониби Ҷопон ҷудо гардидани 597 ҳазор сомонӣ грант пешбинӣ шудааст. Дар маросими баимзорасӣ вазири фарҳанги ҶТ Зулфия Давлатзода, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе маросими имзои санади дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷопон баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳо дар бахши фаъолияти китобхонаҳо танзим мешаванд.

Тавре ки аз  шуъбаи байнулмилалии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, барои ин аз ҷониби Ҷопон ҷудо гардидани 597 ҳазор сомонӣ грант пешбинӣ шудааст.

Дар маросими баимзорасӣ вазири фарҳанги ҶТ Зулфия Давлатзода, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Аикӣ Тошиҳиро, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистонби Такасика Мунео, намояндагони Вазорати фарҳанг, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, масъулини Сафорати Ҷопон ва JICA иштирок доштанд.

Дар ҳузури онҳо вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Аикӣ Тошиҳиро Ёддоштҳои табодулии лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб “Хонаи китоби Тоҷикистон”-ро ба имзо расониданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Зулфия Давлатзода ва Роҳбари намояндагии JICA ҶТ Такасака Мунео Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳа имзо шуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа JICA ба сифати таҷҳизоти техникӣ дар ҳаҷми 83 млн 800 ҳазор йен (зиёда аз 597 ҳазор доллар) грант пешниҳод мекунад.

Дар мавриди муҳлатҳои амалисозии лоиҳа зикр шуд, ки созишнома аз рӯзи қабули огоҳиномаи хаттии охирин тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ мавриди амал қарор мегирад.

Грант дар давраи байни рӯзи мавриди амал қарор гирифтани созишнома то 31 июли соли 2025 дастрас хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.