Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низом ё барномаи нави бақайдгирии бекорон боз карда мешавад ва кормандони ин вазорат бовар доранд, ки он барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Дар ин бора Мирқурбон Наимов, барномасози ин портал аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи Мирқурбон Наимов, рӯнамоии низоми мазкур бо иштироки ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дирӯз, 21-уми ноябр, баргузор гардид.
Ӯ гуфт, низом ё барномаи рақамии мазкур то ибтидои соли 2023 омода ва барои истифода ба аҳолӣ пешниҳод мегардад.
“Он шафофияти фаъолияти мақомоти шуғли аҳолӣ, коркарди маълумоти дақиқи оморӣ ва дастрасии бемамонияти шаҳрвандони бекор ба хидматрасониҳои мақомоти шуғли аҳолиро таъмин менамояд”, – гуфт Мирқурбон Наимов.
Ба гуфтаи ӯ, ин низом аз ду қисм таҳия шуда, қисми аввалӣ барои мақомоти шуғли аҳолӣ ва қисми дуввумӣ барои шаҳрвандони кишвар пешниҳод мегардад.
Мирқурбон Наимов афзуд, пас аз роҳандозии ин низом шаҳрвандон метавонанд, ки худро ба тариқи онлайн ба қайд гиранд ва масъулини шуғли аҳолӣ дархости онҳоро таҳлил ва баррасӣ намуда, ба корҷӯён корҳои муайян ва дигар хидматрсониҳоро пешниҳод менамоянд.
Барномасоз таъкид намуд, ки маълумотҳои шахсии шаҳрванд комилан махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва ба он дигар шахсон дастрасӣ пайдо карда наметавонанд.
“Масъулини вазорат барои ворид шудан соҳиби рамзи махсус мегарданд ва дигар нафарон ба маълумоти шаҳрванд дастрасӣ надоранд”, – афзуд ӯ.
Тавре барномасоз гуфт, ин низом дар чанд шаҳру навоҳии кишвар озмоиш шуда, баъдан дар ҳама маҳдудаи Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар кишвар портали миллии ҷойҳои кории холӣ роҳандозӣ шудааст ва он барои шаҳрвандони корҷӯ ва коргар кӯмак мерасонад.


