Раёсати Оҷонсии назорати маводи нашъаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мусодира ва боздошти наздик ба 50 кг маводи мухаддир дар нощияи Ишкошими ин вилоят хабар медиҳад.
Тавре маркази матбуоти Оҷонсӣ хабар медиҳад, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ноҳияи Ишкошим ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар шаҳрванд Маҳмуд Мирзоеви 39-сола, сокини ҷамоати деҳоти Замирови ҳамин ноҳия боздошт шудааст.
"Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз борхалтаи полиэтиленӣ рангаш сафед, ки ба номбурда тааллуқ дошт 49 адад бастаҳои селофании скочпечи дар дохилашон маводи бӯи махсусдошта дарёфт карда шуд. Ташхис муайян намуд, ки маводҳои мусодирашуда навъи нашъаовари “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 47кг 305гр ро ташкил дод",-гуфта мешавад дар хабарномаи ин ниҳод.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияти ба тафтишот номаълум бо номи Файз ва тахаллуси “Муаллим” миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба даст овардааст, -мегӯянд дар Оҷонсӣ
Гумонбар бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар бо миқдори махсусан калон боздошт шудаву парванда боз шудааст.
Ба ҷуз ин, Оҷонсӣ хабар медиҳад, ки алайҳи шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим Уталбеков Аъзам Ақризобекович ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович бо сабаби огоҳӣ доштан аз кирдори шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд дар мавриди хариду фуруши маводи нашъадор ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодан бар асоси моддаи 347 қисми 1 (хабар надодан дар бораи ҷиноят) парванда боз шудааст ва онҳо ба ҳаси пешакӣ гирифта шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.