Дар Тоҷикистон 15 ҳазор волонтёр расман ба қайд гирифта шудааст

Дар Тоҷикистон баъди қабули Қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” дар соли 2013 то ҳол расман 15 000 ризокор (волонтёр) ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Сураҷ Чоршабезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни чорабиние дар Душанбе ҳарф зад. Ба гуфтаи ӯ, ин теъдод ризокорон дар ҳама муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон баъди қабули Қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” дар соли 2013 то ҳол расман 15 000 ризокор (волонтёр) ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Сураҷ Чоршабезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни чорабиние дар Душанбе ҳарф зад.

Ба гуфтаи ӯ, ин теъдод ризокорон дар ҳама муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар асоси қонун амал мекунанд, ҳисоб карда шудаанд.

“Дар солҳои 2022 – 2027 низ дар ин хусус барномаи давлатӣ қабул мешавад ва пас аз он, имкониятҳо бештар мегарданд. Теъдоди ризокорон низ дар кишвар меафзояд”, – гуфт Сураҷ Чоршабезода.

Ӯ афзуд, ризокорон танҳо бо хоҳиши худ дар асоси тартибу низоми муқарраргирдида ба қайд гирифта мешаванд ва берун аз хоҳиши худ ҳеҷ коре анҷом намедиҳанд.

“Пас аз як муддати фаъолият онҳо роҳи худро меёбанд. Ин як замина мешавад барои ҷавонон. Барои пайдо намудани ҷойи кор ҳам мо ба ҳамаи онҳо кӯмакҳои худро мерасонем”, – гуфт Сураҷ Чоршабезода.

Дар ҳамин ҳол, Сураҷ Чоршабезода аз ироаи шумораи ташкилотҳое, ки дар онҳо ризокорон ба қайд гирифта шудаанд, худдорӣ кард.

Бояд гуфт, фаъолияти ризокорӣ дар кишвар дар чандсолаи ахир сару садоҳоеро дар пай овардааст. Яке аз чунин ташкилотҳои наздик ба ВКД бо номи “Авангард” ҷомеаи фарҳангии кишварро нигарон карда ва сафарҳои ин ризокорон бо гулдастаҳову дастархондориҳо ба шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд.

Қаблан перомони ин масъала овозаҳои зиёде ба бор омада буд ва он замон вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ки гуруҳи “Авангард” дар ин ниҳод сабти ном нашудааст.

“Ҳаракати ҷамъиятии мазкур дар вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Аммо вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст. Айни замон мо омӯхта истодаем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”, – гуфта буд муовини вазири адлия Асадулло Ҳакимзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.