Вазорати адлия: “Авангард” сабти ном нашудааст

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки гуруҳи “Авангард” дар ин ниҳод сабти ном нашудааст. Муовини вазири адлияи Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун ҳаракати ҷамъиятии “Авангард” барои сабти ном шудан ба вазорати адлия муроҷиат накардааст. “Ҳаракати ҷамъиятии мазкур дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Аммо вазорати адлия фаъолияти ҳаракати […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки гуруҳи “Авангард” дар ин ниҳод сабти ном нашудааст. Муовини вазири адлияи Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун ҳаракати ҷамъиятии “Авангард” барои сабти ном шудан ба вазорати адлия муроҷиат накардааст.

“Ҳаракати ҷамъиятии мазкур дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Аммо вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст. Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар вазорати адли он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”,-мегӯяд муовини вазир.

Гуруҳи “Пешоҳанг” ё “Авангард” бино ба маълумоте, ки ба расонаҳо пешниҳод кардаанд, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Онҳо аввалин ҷаласаи созмони худро дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор намуданд.

Аммо мақоми ҳуқуқии ин гуруҳ ё ҳаракати ҷамъиятӣ ҳамеша мавриди баҳс қарор дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин гуруҳ тақрибан дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар филиал ё намояндагиҳои худро дорад, ки сари чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъолиятҳои худ гузориш нашр мекунанд.

Дар оғози ин гуруҳ мақсади ташкили ин созмон мубориза бо ифротгароӣ номида мешуд, вале баъдан онҳо ба танқиди мунтақидони ҳукумат пардохтанд. Онҳор давоми 5 соли фаъолияташон дар назди чанд сафорати кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе низ бо ҳадафи “баргардондани террористон” аз Аврупо гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Коре, ки барои гуруҳу созмонҳои дигар имконпазир намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.