“Бори зиндагиро бар дӯш дорад”. Нахустнамоиши мустанади “Зани рӯин” дар Душанбе

Имрӯз, 9-уми декабр, ба пешвози Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон филми мустанади “Зани рӯин” бори аввал дар Душанбе намоиш дода мешавад. Дар ин бора Ардашер Пайванд, муаллиф ва коргардони ин филм ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, филми мустанади мазкур аз ҳаёти зани танҳое қисса мекунад, ки бо фарзанди маъюби гурӯҳи дуюм дар шаҳри Душанбе […]

Имрӯз, 9-уми декабр, ба пешвози Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон филми мустанади “Зани рӯин” бори аввал дар Душанбе намоиш дода мешавад. Дар ин бора Ардашер Пайванд, муаллиф ва коргардони ин филм ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, филми мустанади мазкур аз ҳаёти зани танҳое қисса мекунад, ки бо фарзанди маъюби гурӯҳи дуюм дар шаҳри Душанбе иҷорашин аст ва бори зиндагиро бар дӯш дорад.

“Филм аҳамияти корманди бахши иҷтимоиро дар ҷомеа барҷаста нишон медиҳад ва то куҷо зарур будани ӯро дар Тоҷикистон матраҳ менамояд”, – гуфт Ардашер Пайванд.

Давомнокии филм 19 дақиқа буда, ба гуфтаи коргардон, он моҳҳои июн-августи соли равон дар шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.

Наворбардор-таҳиягари филм Наврӯз Саидов, садобардор – Ҳомидҷон Ҳомидов, таҳиякунанда – Фирдавс Насруллозода ва коргардони садо – Хуршед Нуров мебошанд.

Филм нахустин кори синамоии Ардашер Пайванд аст. Номбурда хатмкардаи "Мактаби мустанадсозӣ" аст, ки тайи моҳҳои феврал-майи соли ҷорӣ дар Душанбе ҷавонони моил ба филмсозиро донишҳои синамоӣ омӯзонид.

Бояд гуфт, филми мустанади “Зани рӯин” моҳи сентябри имсол дар Ҷашнвораи минтақаии "MediaCAMP", ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон сурат гирифт, намоиш дода шуд.

Ҳамзамон, дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар як доираи маҳдуд ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар Душанбе бори аввал аст, ки дар ҳайти васеъ имрӯз, 9-уми декабр, соати 17:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ба намоиш гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар чандвақтаи охир ба навор гирифтани филмҳои кӯтоҳ ва мустанад дар кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шуда, аксаран соҳиби ҷоизаҳои минтақавиву байналмилалӣ мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.