“Ҳамлагарон тоҷикистонӣ буданд”. Даъвои беасоси Ҳикматёр дар хусуси сӯйиқасд ба ҷонаш

Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари “Ҳизби исломии Афғонистон” ва аз чеҳраҳои ихтилофбарагези ин кишвар дар хутбаи намози ҷумъа, рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, ки нафароне, ки ба ҷони ӯ сӯйиқасд карданд, тоҷикистонӣ будаанд. Аммо дар ин замина, ӯ ҳеҷ далеле манзур накардааст. Дар ин бора телеграмканали Тулӯънюз хабар медиҳад. Дар навори кӯтоҳе, ки ин телеграмканал нашр кардааст, Гулбиддин Ҳикматёр […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари “Ҳизби исломии Афғонистон” ва аз чеҳраҳои ихтилофбарагези ин кишвар дар хутбаи намози ҷумъа, рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, ки нафароне, ки ба ҷони ӯ сӯйиқасд карданд, тоҷикистонӣ будаанд. Аммо дар ин замина, ӯ ҳеҷ далеле манзур накардааст. Дар ин бора телеграмканали Тулӯънюз хабар медиҳад.

Дар навори кӯтоҳе, ки ин телеграмканал нашр кардааст, Гулбиддин Ҳикматёр мегӯяд:

“Таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ду террорист, тоҷикистониянд, афғон нестанд. Яъне гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки касеро аз миёни афғонҳо омода кунад, ба ин навъи амалиёт. Бояд маълум шавад, ки чаро тоҷикистониянд, чаро на афғон. Байрақи сиёҳи ДОИШ низ аз дасти ҳамкору муҳофизи террористи интиҳорӣ ба даст омад”.

Ин суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар ҳоле гуфта мешавад, ки то ҳол мақомоти расмии гуруҳи Толибон* оид ба ин таркиш ва сабабу омилони он мавқеи расмии худро  баён накардаанд. Ҳамчунин, натиҷаи ҳеҷ тадқиқоте расонаӣ нашудааст. Яъне, Ҳикматёр тоҷикистониёнро дар ин ҳамла шарик карда, аммо ҳеҷ далелеро пешниҳод накардааст.

Ин суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар шарҳи ҳамлаи мусаллаҳонае гуфта шудааст, ки 2-юми декабр, дар масҷиди “Ҳизби исломии Афғонистон”, воқеъ дар дафтари марказии ин ҳизб дар Доруламон, дар ҳавзаи шашуми амниятии шаҳри Кобул, рух дод.

Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон бар асари ин ҳамла, як тан кушта ва ду тани дигар захм бардоштанд. Ҳамчунин, худи нафарони ҳамлавар низ кушта шуданд.

Он замон “Ҳизби исломии Афғонистон” бо интишори баёнияе гуфта буд, ки дар ин ҳамла ба Ҳикматёр ва дигар раҳбарони ҳизб осебе нарасидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои ҷанҷолии ин кишвар, ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст. Ӯ, ки пас аз чандин соли фирор аз Афғонистон, дар пайи як созиш бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ, президенти фирории ин кишвар, ба Кобул омадаву зиндагӣ ихтиёр кардааст, пас аз ба қудрат расидани Толибон аз аксари иқдомоти онҳо ба ҳар навъе ҷонибдорӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, ба афрод ва кишварҳое, ки бо ин гурӯҳи террористӣ мухолиф ҳастанд, пайваста вориди ҷангҳои лафзӣ мешавад.

Аз ҷумла, ӯ ба давлати Тоҷикистон, ки ғасби қудрат дар Афғонистонро эътироф накардаву ҳамеша ба ташкили ҳукумати ҳамашумул таъкид менамояд, ихтилофи назар дорад ва пайваста ҳамлаҳои лафзӣ менамояд.

Мақомоти Тоҷикистон суханони Ҳикматёрро ҳамеша сарфи назар карда, посухи расмӣ надодааст. Ягона нафаре, ки то ин дам ба даъвоҳои беасоси Ҳикматёр посух гуфтааст, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон аст.

Ӯ зимни як баромади худ дар барномаи “Дидгоҳ”-и телевизиони “Афғонистон интернешнал” гуфта буд, ки “Ҳикматёр барои Тоҷикистон сирф, яъне ҳеҷ кас аст”.  

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио