Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Швейтсария барқияи шодбошӣ фиристод

Имрӯз, 12-уми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Инятсио Кассис, Президенти Конфедератсияи Швейтсария ба муносибати  30 солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад. “Тоҷикистон Швейтсарияро яке аз шарикони боэътимоди худ дар самти Аврупо дониста, ба ояндаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, ки […]

Asia-Plus

Имрӯз, 12-уми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Инятсио Кассис, Президенти Конфедератсияи Швейтсария ба муносибати  30 солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.

“Тоҷикистон Швейтсарияро яке аз шарикони боэътимоди худ дар самти Аврупо дониста, ба ояндаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, ки дар марҳалаи рушди босубот қарор гирифтаанд, назари нек дорад”, – гуфта мешавад дар барқия.

Дар идома зикр мешавад, ки Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди пешбурди самарабахши муносибатҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳаст ва омода аст, ки бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ба раванди таҳкиму тавсеаи онҳо такони тоза бахшад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.