Барои муҷаҳҳазсозии мактабҳои русзабони Тоҷикистон беш аз 90 млн доллар ҷудо мешавад

Вазорати молияи Русия барои мактабҳои русзабон дар шаҳрҳои Тоҷикистон 5,74 млрд рубл (91 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Қарори марбутаро дар ин хусус рӯзи 8 декабр сарвазири Русия Михаил Мишустин ба имзо расонида, санад дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Ин ҷо сари мактабҳои русзабон дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сухан […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазорати молияи Русия барои мактабҳои русзабон дар шаҳрҳои Тоҷикистон 5,74 млрд рубл (91 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.

Қарори марбутаро дар ин хусус рӯзи 8 декабр сарвазири Русия Михаил Мишустин ба имзо расонида, санад дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Ин ҷо сари мактабҳои русзабон дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сухан меравад, ки моҳи сентябри соли равон боз шуда буданд.

Маблағ аз буҷети Русия ба амалисозии созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳазсозии моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ равона мегардад.

Дар санад зикр мешавад, ки маблағ барои амалисозии лоиҳа аз ҷониби Вазорати молия ба сифати “саҳми ихтиёрии ҳадафнок (хайрия) ба Фонди авруосиёии субот ва рушд” гузаронида мешавад.

Созишнома дар бораи сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон бо дастгирии Русия моҳи апрели соли 2019 ба имзо расида буд. Моҳи ноябри соли 2021 ҳукумати Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳазсозии мактабҳо 150 млн доллар ҷудо кард. Моҳи сентябри ҳамин сол мактабҳо хонандагони аввалинро қабул карданд. Ҳар кадоме аз мактабҳо барои таҳсисли 1,2 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 39 мактаби таҳсилоташон бо забони русӣ амал мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 27 нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактабҳои таҳсилоташон ба забонҳои русиву тоҷикӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 70 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.