Ҳабси ронанда ва пулчинаки маршрутка барои дағалгуфторӣ

Суд ронандаи микроавтобус (маршрутка) Раҳмоналӣ Мирзоев ва “кондуктор”-и он Зафархони Адолатшоро барои қабеҳгуфторӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс кард. Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як нафар шаҳрванд бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намудааст, ки нисбати ронанда ва «кондуктор»-и воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Спринтер» […]

Asia-Plus

Суд ронандаи микроавтобус (маршрутка) Раҳмоналӣ Мирзоев ва “кондуктор”-и он Зафархони Адолатшоро барои қабеҳгуфторӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс кард.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як нафар шаҳрванд бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намудааст, ки нисбати ронанда ва «кондуктор»-и воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Спринтер» (2440СЕ01) чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

“Дар аризаи ӯ зикр мешуд, ки ба болои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардану  дар қатори дуюм таваққуф намудан, онҳо ба эроди муроҷиаткунанда бо суханҳои қабеҳу таҳқиромез посух гуфтаанд”, – омадааст дар хабари РВКД.

Дар ҷараёни роҳандозии тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи қонуншиканон муайян ва боздошт шуданд.

“Маълум шуд, ки рӯзи 15 декабр ронанда қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, дар қатори дуюм таваққуф намудааст, ки ба танбашавии автомашинаҳо боис гардидааст. Ба эроди дигар ронандагон онҳо дағалона посух додаанд. Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Майдаавбошӣ) протокол тартиб дода шуд”, – хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки нисбати ронанда Раҳмоналӣ Мирзоев инчунин тибқи моддаи 510 барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидан протокол тариб дода шудааст, ки дар ин модда ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.