Орду равғану биринҷ ва ангишт. Кумаки навбатии Тоҷикистон ба Покистон

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дида буданд, расидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин кумак аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дида буданд, расидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин кумак аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми қариб 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат аст.

Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии кӯмак 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, кумаки мазкур 1-уми декабр аз ҷониби Тоҷикистон ба мардуми Покистон фиристода шуда буд.

Қаблан, 15-уми сентябр, ҳам кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табиии Покистон дастрас гардида буд.

Ин кӯмак низ 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна семент ва 2 ҳазор дона шифер аз иборат буда, 12,2 млн. сомониро ташкил медод.

Ёдовар мешавем, ки бар асари селхезиҳо дар Покистон 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 млн нафар захмӣ шуданд.

Инчунин, зиёда аз як миллион бинои истикоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти таъиноти гуногун ва заминҳои кишт комилан хароб гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.