Сипоси сарвазири Покистон ба мардуми Тоҷикистон. Кӯмаки башардӯстона ба покистониҳо расид

Дирӯз, 15-уми сентябр, кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табии Покистон дастрас гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Тавре қаблан хабар дода будем, бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 ҳазор тонна маводи озуқавориву масолеҳи сохтмонӣ таҳия гардида, ба мардуми аз офатҳои табии зарардидаи Покистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона фиристода шуд. Ин кӯмак аз 500 […]

Дирӯз, 15-уми сентябр, кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табии Покистон дастрас гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Тавре қаблан хабар дода будем, бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 ҳазор тонна маводи озуқавориву масолеҳи сохтмонӣ таҳия гардида, ба мардуми аз офатҳои табии зарардидаи Покистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона фиристода шуд.

Ин кӯмак аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна семент ва 2 ҳазор адад шифер иборат буда, 12,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, бар асари бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо дар Покистон беш аз 1200 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион шаҳрванди ин кишвар зарар дидаанд.

Ҳамчунин, беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипоси худ ва мардуми кишварашро барои расонидани кӯмаки башарардӯстона изҳор дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.