Баҳси вазъи Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Эрону Покистон

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, бо Саид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Эрону Покистон масоили гуногуни марбут ба муносибат ва […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, бо Саид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Эрону Покистон масоили гуногуни марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, дар рафти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Иброҳим Раисӣ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони давлатҳо аз равандҳои мусбати солҳои охир дар муносиботи Тоҷикистону Эрон, минҷумла муколамаи созандаи сиёсӣ ва тамоюли мусбати муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда аллакай ба беш аз 116 миллион доллар расидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 120 миллон доллар баробар буд.

Зимни мулоқот, Президенти Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардумони Тоҷикистону Эрон, нақши баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар муҳим хонд.

Дар мулоқот бо Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар заминаи робитаҳо дар бахшҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла САSA-1000 ва баромад ба бандарҳои Покистон ба манфиати ду кишвар хонда шуд.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғании Покистон, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ изҳор карда шуд.

Зимни мулоқотҳо бо сарони кишварҳои Эрону Покистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, паҳлуҳои гуногуни авзоъ дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.