“Барқи тоҷик”: Танҳо шабона барқро хомӯш мекунем

Date:

Нозирҷон Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти ШСХ “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо мухбири ҳафтаномаи СССР гуфтааст, ки ҳоло танҳо шабона нерӯи барқ қатъ гардида, рӯзона дар аксари шаҳру ноҳияҳо барқ бидуни маҳдудият истифода шуда истодааст.

“Бо фаро расидани сардиҳои рӯзҳои ахир маҳдудияти барқро дар шаҳру ноҳияҳо зина ба зина кам карда, ҳамин ҳоло танҳо дар вақти шабона – аз соати 23:00 то 05:00-и субҳ барқ қатъ мегардад. Рӯзона қариб, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо барқ бидуни маҳдудият истифода шуда истодааст”, – гуфтааст Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ин дар ҳолест, ки то сокинони минтақаҳои кишвар ҳанӯз ҳам аз қатъи барқ ва ҷорӣ будани маҳдудият дар таъмини барқ шикоят карда, таъкид менамоянд, ки дар рӯзона низ барқ қатъ карда мешавад.

Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ дар фасли зимистон талаботи аҳолии кишвар ба истифодаи нерӯи барқ афзуда, таъминоти он ҳоло пурра аз фаъолият ва иқтидори НБО Норак вобастагӣ дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нозирҷон Ёдгорӣ

“Имсол аз рӯйи ҳисоби мутахассисон НБО Норак бо меъёри муқаррарии об пур карда шудааст. Бе ин ҳам аз рӯи таҳлилу нишондодҳои мутахассисон ҳамасола дар фасли зимистон то 1 млрд 6 млн кВт.соат дефитсити барқро дошта, барои истифода дар рӯзҳои хеле сард бошад ҳатман 220 – 500 кВт.соат барқ захира карда мешавад”, – иброз доштааст Н.Ёдгорӣ.

Ӯ зикр намудааст, ки танҳо пас аз пурра ба кор шуруъ намудани НБО Роғун маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар дар фасли зимистон аз байн хоҳад рафт.

“То пурра ба кор андохтани тамомии агрегатҳои НБО Роғун мо бояд барқро сарфакорона истифода барем, то дар рӯзҳои сард ба коллапси энергетикӣ гирифтор нашавем. Мардум дар фасли зимистон барқ ва асбобу лавозимоти барқиро хеле зиёд ва бидуни сарфакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба зуд-зуд аз кор баромадани трансформаторҳо оварда мерасонад”, – гуфтааст Нозирҷон Ёдгорӣ.

Гуфтан ба маврид аст, ки моҳҳои ахир теъдоди шикоятҳо дар бораи қатъи нерӯи барқ ​​дар манотиқи Тоҷикистон афзоиш ёфта, аз ҷониби ҶСК “Барқи тоҷик” дар ин бора изҳори назар нашудааст. Гузашта аз ин, сокинон аз қатъи нерӯи барқ ​​ҳам шабона ва ҳам рӯзона шикоят мекунанд.

Шаҳрвандон ба расонаҳо муроҷиат карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ​​дар шаҳру навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ хабар медиҳанд. Роҳбарияти ҶСК «Барқи тоҷик» саволу шикоятҳои муштариёнро ба ҶСК «Шабакаҳои барқӣ» равон мекунад ва барои шаҳрвандон аз онҷо посух гирифтан мушкил аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...