Боздошти сокини Шаҳритус бо гумони тақаллуби то 168 ҳазор сомонӣ аз 30 муҳоҷири тоҷик

Милитсияи вилояти Хатлон аз боздошти як сокини ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки давоми 8 сол дар 30 ҳолат аз 3 то 168 ҳазор сомонии муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳи қаллобӣ аз худ карда, онҳоро фиреб додааст. Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин мард Умед Ташанови 41-сола […]

Милитсияи вилояти Хатлон аз боздошти як сокини ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки давоми 8 сол дар 30 ҳолат аз 3 то 168 ҳазор сомонии муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳи қаллобӣ аз худ карда, онҳоро фиреб додааст.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин мард Умед Ташанови 41-сола аст, ки қаблан бо қаллобӣ (247 қисми 3) суд шуда, дигарбора бо айни иттиҳоми қаллобӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буд.

Ба иттилои манбаъ, Умед Ташанов рӯзи 13-уми декабри соли равон дар натиҷаи корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дастгир шудааст. То ин замон, ӯ дар Русия қарор доштааст.

Гуфта мешавад, ки Ташанов ба муҳоҷирони фиребхӯрда ваъдаҳо, ба мисли гирифтани шаҳрвандии Русия, аз байн бардоштани маҳдудият дар роҳи сафарашон ба Русия ва ё бо нархи арзон дастрас кардани чиптаи сафар ба он кишварро медод, аммо маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиатҳои худ сарф кардааст.

“Ташанов Умед бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 ҳолати қаллобӣ гумонбар дониста шуда,  нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз шаҳрвандоне, ки ба фиреби ин нафари ҷиноятпеша афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ба шуъбаҳои милитсия маҳалли зисташон муроҷиат кунанд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Тибқи ин моддаи қонун ӯро аз 58 ҳазор то 93 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари худи Умед Ташанов ва ё вакили дифои ӯ барои шарҳи қазия дастрас нест.

Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Мақомоти Русия шумораи онҳоро беш аз 1 млн мегӯянд. Вале Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ 600 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия кор мекунанд Дар ҳамин ҳол, ҳар сол садҳо нафар аз ин муҳоҷирони тоҷик дар мулки мусофират қурбони қаллобон мешаванд. Дар байни қаллобон ҳамватанони худи онҳо низ ҳастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.