Барои латукӯбу зӯроварӣ ба кӯдакон 40 омӯзгорро ҷазо доданд

Date:

Дар Тоҷикистон дар панҷ соли охир беш аз 40 омӯзгор ва зиёда аз 20 волидайнро барои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон ҷазо додаанд.

Радиои Озодӣ бо такя ба як гузориши Тоҷикистон ба СММ навиштааст, ки аз соли 2018 то 2022 дар кишвар ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда кушодаанд.

“Аз ҷумла, 41 омӯзгор ва 22 падару модар бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” маҳкум шудаанд”, – омадааст дар мактуб.

Манбаъ нагуфтааст, ки омӯзгорон ва падару модарон ба кадом намуди ҷазо, зиндон ё ҷарима ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад,к и дар 5 соли охир кормандони ҳифзи ҳуқуқ 635 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандонро ошкор кардаанд.

Мавридҳои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт расонаӣ мешавад.

Моҳи октябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби тифле аз сӯйи падараш нашр шуда, баҳсҳои зиёдро ба бор овард.

Мақомоти интизомӣ падари тифлро боздошту ҷарима карда буданд. Масъулон рафтори чунин волидонро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд.

Моро дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК пайгирӣ кунед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...