Барои латукӯбу зӯроварӣ ба кӯдакон 40 омӯзгорро ҷазо доданд

Дар Тоҷикистон дар панҷ соли охир беш аз 40 омӯзгор ва зиёда аз 20 волидайнро барои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон ҷазо додаанд. Радиои Озодӣ бо такя ба як гузориши Тоҷикистон ба СММ навиштааст, ки аз соли 2018 то 2022 дар кишвар ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда кушодаанд. “Аз ҷумла, […]

Дар Тоҷикистон дар панҷ соли охир беш аз 40 омӯзгор ва зиёда аз 20 волидайнро барои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон ҷазо додаанд.

Радиои Озодӣ бо такя ба як гузориши Тоҷикистон ба СММ навиштааст, ки аз соли 2018 то 2022 дар кишвар ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда кушодаанд.

“Аз ҷумла, 41 омӯзгор ва 22 падару модар бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” маҳкум шудаанд”, – омадааст дар мактуб.

Манбаъ нагуфтааст, ки омӯзгорон ва падару модарон ба кадом намуди ҷазо, зиндон ё ҷарима ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад,к и дар 5 соли охир кормандони ҳифзи ҳуқуқ 635 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандонро ошкор кардаанд.

Мавридҳои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт расонаӣ мешавад.

Моҳи октябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби тифле аз сӯйи падараш нашр шуда, баҳсҳои зиёдро ба бор овард.

Мақомоти интизомӣ падари тифлро боздошту ҷарима карда буданд. Масъулон рафтори чунин волидонро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд.

Моро дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК пайгирӣ кунед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.