Қатъи истеҳсоли доруи “Док-1 Макс”. Дар Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, дар Тоҷикистон шикоят нест

Танзимгари миллии Ҳиндустон рӯзи 29 декабр хабар дод, ки ширкати Marion Biotech истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кардааст. Дар Ӯзбекистон баъди истифодаи ин дору 19 кӯдак фавтид. Як кӯдаки якунимсола дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон 28 декабр баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" ҷон бохтааст. Додситонии вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дар робита ба марги кӯдак парвандаи […]

Танзимгари миллии Ҳиндустон рӯзи 29 декабр хабар дод, ки ширкати Marion Biotech истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кардааст. Дар Ӯзбекистон баъди истифодаи ин дору 19 кӯдак фавтид.

Як кӯдаки якунимсола дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон 28 декабр баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" ҷон бохтааст.

Додситонии вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дар робита ба марги кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишотро оғоз кардааст.

Теъдоди кӯдаконе, ки дар Ӯзбекистон баъди истеъмоли доруи мазкур ҷон бохтанд, ба 19 расид. Ин доруро ширкати ҳиндии "Marion Biotech" истеҳсол кардааст.

Қаблан Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар дода буд, ки дар робита ба марги 18 кӯдак баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Шурӯъ аз 22 декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Ӯзбекистон манъ шудааст. Дар робита ба марги кӯдакон дар Ӯзбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати тандурустӣ 27-уми декабр ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ин навъ дору як сол ин ҷониб ба Тоҷикистон ворид намешавад.

Оҷонсии иттилооти  “Авеста” бо такя ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки соли ҷорӣ доруи “ДОК-1 Макс” дар шакли шарбат ва ҳаб ба кишвар ворид нашудааст ва маротибаи охир ин дору ба кишвар соли 2021 ворид гардидааст.

Ин расона аз қавли манобеи худ менависад, ки “ин навъи дору дар дорухонаҳо дар фуруш ҳаст, вале аз он шикояте то ҳол ворид нашудааст”.

“Мо барои муваққатан боздоштани фурӯши доруи “ДОК-1 Макс” асос надорем. Хушбахтона, дар натиҷаи истифодаи ин дору ягон ҳодисаи мушкилшавӣ ё маргу мир ба қайд гирифта нашудааст, бахусус аз он замоне, ки мо фурӯши маҳсулоти дорусозиро қатъӣ назорат дорем”, – иқтибос овардааст “Авеста”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.