Табибони тоҷик дугоникҳои ба ҳамдигар часпидаро аз ҳам ҷудо кардаанд

Табибони тоҷик бо роҳи ҷарроҳӣ кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ”-ро муваффақона аз ҳам ҷудо кардаанд. Вазорати тандурустии кишвар бо нашри чанд акс аз раванди ҷарроҳӣ навиштааст, ки он чанд рӯз пештар дар беморхонаи “Шифобахш” анҷом дода шудааст. Гуфта мешавад, ки волидайни тифлон аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошанд. “Таваллуд тариқи […]

Табибони тоҷик бо роҳи ҷарроҳӣ кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ”-ро муваффақона аз ҳам ҷудо кардаанд.

Вазорати тандурустии кишвар бо нашри чанд акс аз раванди ҷарроҳӣ навиштааст, ки он чанд рӯз пештар дар беморхонаи “Шифобахш” анҷом дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки волидайни тифлон аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошанд.

“Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) аллакай фавтида, холати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушти дугоники дигар часпида буд, ки тариқи ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо гардиданд” , – гуфт манбаъ.

Ин ниҳод мегӯяд, бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё “дугоникҳои сиамӣ” яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳамакнун бо роҳандози гардидани чунин услули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ? табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷриба ҳосил намуданд.

Айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст.

“Бо таҷрибаи ҳосилшуда кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбаъд низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад”,- гуфтаанд табибони “Шифобахш”.

Давоми чанд соли охир соҳаи ҷарроҳӣ дар кишвар рушд кардааст. Чанде пештар табибони тоҷик дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бори нахуст бо усули видеоторакоскопия ҷарроҳии шушро анҷом дода буданд.

Моро дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК пайгирӣ кунед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.