Тавре яке аз кормандони Иттифоқи нависандагон иттилоъ додааст, дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди адабӣ, шоир Искандари Раҳмон, нависанда ва публисист Холиқназар Ҷумъазода, нависандагон Шоҳмансури Шоҳмирзо, Таҳминаи Эмин ва Муҳаббати Юсуф ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосии адабӣ дар кишвар аст, ки бештари шоирону нависандагон сайёъ мекунанд, узви он бошанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки атрофи узвияти адибон дар ин созмон баҳсҳо ҳамеша зиёд будааст. Чанд сол пеш роҳбарияти Иттифоқи нависандагон масъалаи “аз сафи аъзои ин созмон ихроҷ намудани адибони тасодуфӣ”-ро шурӯъ кард, ки дар натиҷа, чанде аз шоирону нависандагон аз аъзогии ин созмон хориҷ карда шуданд.
Гуфта шуд, ки чунин тасмим ба хотири поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз “адибони тасодуфӣ ва камҳунар, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шудааст. Ин тасмим як баҳси тундеро миёни адибон ба бор овард ва бештари адибон онро кори нодуруст унвон карданд.
Бо ин вуҷуд ҳамасола шумораи зиёди шоирону нависандагон, махсусан ҷавонон ба узвияти ин созмон пазируфта мешаванд. Охири моҳи декабри соли 2021 Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Дар баробари ӯ шоирон Иброҳими Наққош, Ҷавҳари Саидназар (Лолаи Саидакбар), Абдуманнони Хаммор (Абдуманнон Одинаев), нависанда Шоҳбегим ва тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод ба сафи аъзои нав Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайвастаанд.


