Раиси вилояти Хатлон аз вазифа озод шуд. Давлаталӣ Саид раис таъйин гардид

Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, имрӯз бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид. Як манбаъ огоҳ аз тағйироти кадрӣ,  дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст. […]

Asia-Plus

Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, имрӯз бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.

Як манбаъ огоҳ аз тағйироти кадрӣ,  дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Ҳоло маълум нест, ки Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии ҳамакнун собиқ ба кадом вазифа таъйин шудааст.

Қурбон Ҳакимзода рӯзи 14 январи соли 2019 раиси вилояти Хатлон таъин шуда буд.

Давлаталӣ Саид беш аз 9 сол, аз моҳи ноябри соли 2013, дар вазифаи муовини якуми сарвазири Тоҷикистон кор карда, бахши иқтисодии ҳукуматро роҳбарӣ мекард.

Дар хусуси тағйироти кадрӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст