Роҳи оҳани Русия барои мусофирони қатораҳо ба Тоҷикистон тахфиф пешниҳод кард

Date:

Ширкати Роҳи оҳани Русия  барои мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд,  аз 5 то 35 дарсад тахфиф пешниҳод кардааст, ки он соли 2023 эътибор пайдо мекунад.  Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба сомонаи ҶСК «Роҳи оҳани Русия» хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар соли равон тахфифи “Тоҷикистон. Ба нақша гиред” роҳандозӣ мегардад ва он то 28-уми декабри соли 2023 эътибор дорад.

Ҳамин тариқ,  агар мусофирони купе ва СВ-вагон  аз 45 то 41 рӯз пеш аз рафтани қатора чипта харидорӣ кунанд, 35 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.

Агар аз 40 то 11 рӯз пеш аз ҳаракати қатора гиранд, 25 дарсад, аз 10 то 6 рӯз пеш аз ҳаракати қатора харидорӣ кунанд,  15 дарсад ва аз 5 то рӯзи ҳаракати қатора чипта харанд, 5 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин, барои мусофирони вагонҳои дараҷаи дуюм (пласкарт) аз 5 то 25 дарсад тахфиф пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, агар мусофирон аз  45 то 41 рӯз пеш аз рафтани қатора чипта харидорӣ кунанд, 25 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад. Агар аз 40 то 11 рӯз пеш аз рафтани қатора чиптаро гиранд, 15 дарсад, аз  10 то 6 рӯз пеш аз рафтани қатора 5 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.

Агар  аз 5 рӯз то рӯзи ҳаракати қатора чипта харидорӣ шавад, тахфиф пешниҳод намешавад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз як чипта аз Волгоград ба Душанбе дар пласткарт 7 793 рубл (1 130 сомонӣ) ва дар купе 9 917 ҳазор рубл (1 438 сомонӣ) арзиш дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...