Роҳи оҳани Русия барои мусофирони қатораҳо ба Тоҷикистон тахфиф пешниҳод кард

Ширкати Роҳи оҳани Русия  барои мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд,  аз 5 то 35 дарсад тахфиф пешниҳод кардааст, ки он соли 2023 эътибор пайдо мекунад.  Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба сомонаи ҶСК «Роҳи оҳани Русия» хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки дар соли равон тахфифи “Тоҷикистон. Ба нақша гиред” роҳандозӣ мегардад ва […]

Ширкати Роҳи оҳани Русия  барои мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд,  аз 5 то 35 дарсад тахфиф пешниҳод кардааст, ки он соли 2023 эътибор пайдо мекунад.  Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба сомонаи ҶСК «Роҳи оҳани Русия» хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар соли равон тахфифи “Тоҷикистон. Ба нақша гиред” роҳандозӣ мегардад ва он то 28-уми декабри соли 2023 эътибор дорад.

Ҳамин тариқ,  агар мусофирони купе ва СВ-вагон  аз 45 то 41 рӯз пеш аз рафтани қатора чипта харидорӣ кунанд, 35 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.

Агар аз 40 то 11 рӯз пеш аз ҳаракати қатора гиранд, 25 дарсад, аз 10 то 6 рӯз пеш аз ҳаракати қатора харидорӣ кунанд,  15 дарсад ва аз 5 то рӯзи ҳаракати қатора чипта харанд, 5 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин, барои мусофирони вагонҳои дараҷаи дуюм (пласкарт) аз 5 то 25 дарсад тахфиф пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, агар мусофирон аз  45 то 41 рӯз пеш аз рафтани қатора чипта харидорӣ кунанд, 25 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад. Агар аз 40 то 11 рӯз пеш аз рафтани қатора чиптаро гиранд, 15 дарсад, аз  10 то 6 рӯз пеш аз рафтани қатора 5 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.

Агар  аз 5 рӯз то рӯзи ҳаракати қатора чипта харидорӣ шавад, тахфиф пешниҳод намешавад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз як чипта аз Волгоград ба Душанбе дар пласткарт 7 793 рубл (1 130 сомонӣ) ва дар купе 9 917 ҳазор рубл (1 438 сомонӣ) арзиш дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.