Заҳролудшавии як оила аз дуди ангишт. Шавҳар фавтид, ҳамсар дар шуъбаи эҳё

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ду узви як оила аз  дуди ангишт зарҳролуд шуда, яке фавтида, дуюмӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.  Ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ангишт шаби 5-уми январи соли равон дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич  рух додааст. Ҳоҷисайдалӣ Саидов, раиси  кумитаи маҳаллаи деҳаи Қалъи Дӯст дар суҳбат бо “Азия-Плюс” , […]

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ду узви як оила аз  дуди ангишт зарҳролуд шуда, яке фавтида, дуюмӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.  Ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ангишт шаби 5-уми январи соли равон дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич  рух додааст.

Ҳоҷисайдалӣ Саидов, раиси  кумитаи маҳаллаи деҳаи Қалъи Дӯст дар суҳбат бо “Азия-Плюс” , гуфт, заҳролудшудаҳо зану шавҳар Ҳоҷисаидбаён Саидмуродови 80-сола ва Нурӣ Саидмуродоваи 77-сола  мебошанд.

Ӯ бо истинод ба Саидаброр Саидмуродов фарзанди марҳум афзуд, ки ҳодиса шаби 4-5-уми рух додааст ва вақте онҳо субҳ ба дидорбинии онҳо рафтанд, аллакай падараш фавтидаву модараш аз ҳуш рафта буд.

Гуфта мешавад, ки онҳо танҳо мезистанд ва эҳтимол вақте дуд хонаро фаро гирифт, онҳо хоб буданд.

Ҳоло рӯзи чорум аст, ки Саидмуродова Нурӣ  дар шуъбаи эҳёи беморхонаи марказӣ бистарӣ аст.

Келдимурод Қодиров, духтури шӯъбаи эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҳолати занро миёна арзиёбӣ кард ва гуфт пагоҳ ба шуъбаи табобатӣ мегузронанд.

“Соати 9:00-и рӯзи 5-уми январ бемор, Нурӣ Саидмуродоваро ба беморхона оварданд, ки дараҷаи заҳролудшавӣ вазнин ва беҳуш буд. Бо воситаи кислород ва дигар кӯмаки аввалияи тиббӣ организми занро аз гази карбон тоза кардем”, – гуфт ӯ.

Ба иттилои номбурда, давоми як ҳафтаи соли равон ин дуввумин ҳодисаи заҳролудшавии сокинони ноҳия аст. Рӯзи 2-юми январ як ҷавон аз деҳаи Хуҷаҳои ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо аломатҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар фасли сармо сокинон, ба хусус дар деҳот  барои гарм намудани хонаҳояшон аз ангишт истифода менамоянд. Роҳҳои нодурусти истифодаи ангишт боиси заҳролудшавии инсон мегардад, ки оқибаташ ҳатто марг буда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.