Ҳабси як зани тоҷик дар Митиши ба гумони куштани ҳамкораш

Додгоҳ як шаҳрванди зани 36-солаи Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро ба гумони даст доштан дар куштани корманди қаҳвахонае, ки дар он ҷо кор мекард, ба ҳабс гирифт. Дар ин бора портали VM.ru бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 4 январ дар қаҳвахонаи «Хинкальная Тбилисо» […]

Додгоҳ як шаҳрванди зани 36-солаи Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро ба гумони даст доштан дар куштани корманди қаҳвахонае, ки дар он ҷо кор мекард, ба ҳабс гирифт. Дар ин бора портали VM.ru бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 4 январ дар қаҳвахонаи «Хинкальная Тбилисо» дар Митишии вилояти Маскав рух додааст. Ҳангоми муноқиша бо ҳамкори 50-солаи худ Дусаева бо корд ба қафаси синаи мард якчанд бор зарба мезанад. Мард то омадани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ҳалок шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонбаршудар баъди якчанд соати рух додани ҳодиса боздошт намудаанд.

“Шаҳрванди зани 36-солаи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори ҳамкори 50-солаи худ ба ҳабс гирифта шуд. Айни замон дар робита ба ин ҳодиса тафтишот роҳандозӣ шуда, ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ин ҷиноят таҳқиқ мешаванд”, – зикр мегардад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...