“Ду соат бедарак шуд”. Як марди 37-сола барои қатли ҳамсараш 20 сол равонаи зиндон шуд

Як сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ 20 сол равонаи зиндон шудааст. Аз Додгоҳи вилояти Суғд  ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки Баҳоваддин Нарзуллоев бо ҳукми додгоҳи мазкур аз 17-уми ноябр барои одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ҳабс шуд. Гуфта мешавад, ки сабаби қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар то […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ 20 сол равонаи зиндон шудааст.

Аз Додгоҳи вилояти Суғд  ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки Баҳоваддин Нарзуллоев бо ҳукми додгоҳи мазкур аз 17-уми ноябр барои одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ҳабс шуд.

Гуфта мешавад, ки сабаби қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар то ду соат бедарак шудани ӯ будааст.

“Ӯ моҳи августи соли 2022 бо ҳамсараш Уғулой Пӯлотова ба базори Маркази шаҳри Истаравшан рафта, барои харидории оби нӯшокӣ ба мағоза медарояд. Баъди буромадан дар ҷое, ки гуфта буд ҳамсараш бояд истад, нест. Дар  ғазаб шуда, машрубот менӯшад ва хона омада ҳамсарашро намеёбад”, – нақл кард рафти ҳодисаро манбаъи мо аз Додгоҳи вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди он ки ҳамсараш ба хона меояд, ӯро пурсуҷӯ карда, то аз ҳуш рафтан латукӯб мекунад.

“Бо ин ҳам қаноат накарда, бо "термос"-и пури оби ҷӯш ронҳои занро месӯзонад ва баъдан буғӣ карда мекӯшад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба таъкиди манбаъ, Баҳоваддин Нарзуллоев бо мақсади пинҳон кардани амалаш сару лисоби хунолуди ҳамсарашро иваз карда, як рӯз пас волидони марҳумро огоҳ кардааст, ки гӯё духтарашон бо марги худ фавтидааст.

Вале хулосаи экспертизаи судӣ маълум кардааст, ки ӯ аз латукӯб ва буғӣ фавтидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола даҳҳо ҷинояти куштор, аз ҷумла куштори зан аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои хонавода рух медиҳад. Аз ҷумла 28- уми ноябр дар ноҳияи Зафаробод Зокир Аъзамов ҳамсараш Фируза Аъзамова ва писарчаи 9 солаашро бо бераҳмии махсус кушта ҷасади онҳоро оташ зада буд.

Ҳамчунин, чанде пеш Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини шаҳри Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.