То кай барф дар Тоҷикистон боқӣ мемонад?

Дар Душанбе муддати қариб ду рӯзи пурра барф борида, шаҳр ҷомаи сафед ба бар кард. Имрӯз ҳам кӯчаҳо пурбарф буда, заминро қабати ғафси барф пӯшонидааст. Аз ин вазъи табиат кӯдакон хурсанд шуда, барфбозиву яхмолакбозӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, боридани ин қадар барфи зиёд ба ҳаракати пиёдагардону воситаҳои нақлиёт мушкил эҷод кард. Тавре ки ба “Азия-Плюс” […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе муддати қариб ду рӯзи пурра барф борида, шаҳр ҷомаи сафед ба бар кард.

Имрӯз ҳам кӯчаҳо пурбарф буда, заминро қабати ғафси барф пӯшонидааст. Аз ин вазъи табиат кӯдакон хурсанд шуда, барфбозиву яхмолакбозӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, боридани ин қадар барфи зиёд ба ҳаракати пиёдагардону воситаҳои нақлиёт мушкил эҷод кард.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, барф на он қадр зиёд боқӣ мемонад, лекин бар асари ҳавои сард дар рӯзҳои наздик об намешавад. Аз ин рӯ, сокинони пойтахт боз чанд рӯзи дигар метавонанд аз зимистони ҳақиқӣ баҳра баранд.

Зикр шуд, ки давоми ин рӯзҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар то 24 см боришот ба қайд гирифта шудааст. Дар Душанбе ин нишондиҳанда 12 см-ро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 12-15 январи соли ҷорӣ бо сабаби боқӣ мондани воридшавии анбӯҳи ҳавои сарди арктикӣ дар бештари манотиқи кишвар сардии ҳаво боқӣ мемонад.

Дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 19-24 то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона аз 9-14 то 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 20-25 то 14-19 дараҷа хунук, рӯзона аз 12-17 то 5-10 дараҷа хунук дар назар аст.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 12-14 январ дар қисми зиёди ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани тормеғ дар назар буда, яхбандӣ (дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, дарахту буттаҳо, шифти хонаҳо дар шакли овеза) пешгӯӣ мешавад.

Бо сабаби сард гардидани вазъи ҳаво дар чарогоҳҳои зимистона ва минтақаҳои чорвопарварии ҷумҳурӣ сармозании чорвои навзод дар назар буда, нигоҳдории чорвои навзод дар ҷойҳои махсус тавсия дода мешавад.

Рӯзҳои 12-14 январ дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии  қаторкӯҳҳои Ҳисор, минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.