Шашгоники дар Хуҷанд таваллудшуда даргузаштанд

Шашгоники дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд таваллудшуда даргузаштанд. Дирӯз вазъи онҳо муътадил арзёбӣ мешуд. Нурӣ Дадобоева, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, имрӯз, 12-уми январ, марги ҳамаи навзодонро тасдиқ кард ва гуфт, ки сабаби аслии ҳалокати онҳо “таваллуди пеш аз муҳлат ва вазни кам” аст. Гуфтан ба маврид аст, ки ин шашгоник – ду писару 4 […]

Манзума Фирӯз, Фарзона Муродӣ, "Asia-Plus"

Шашгоники дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд таваллудшуда даргузаштанд. Дирӯз вазъи онҳо муътадил арзёбӣ мешуд.

Нурӣ Дадобоева, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, имрӯз, 12-уми январ, марги ҳамаи навзодонро тасдиқ кард ва гуфт, ки сабаби аслии ҳалокати онҳо “таваллуди пеш аз муҳлат ва вазни кам” аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин шашгоник – ду писару 4 духтар дирӯз, 11-уми январ, дар таваллудхонаи вилоятии Хуҷанд ба дунё омаданд. Пас аз таваллуд вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мешуд.

Вазъи саломатии модари шашгоник Муборак Соҳибоваи 26-сола хуб гуфта мешавад. Ин таваллуди чоруми модар будааст. Ҳоло ӯ дар таваллудхона қарор дошта, як муддат зери назорати табибон қарор хоҳад дошт.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори нахуст таваллуди шашгоникҳо ба қайд гирифта мешавад. Қаблан дар кишвар таваллуди сегоник, чоргоник ва панҷгоник ба қайд гирифта шуда буд.

Дар Тоҷикистон қонун дар бораи ҳавасманд кардани заноне, ки беш аз се фарзанд таваллуд кардаанд, вуҷуд надорад. Аммо мақомот ва шаҳрвандони алоҳида ба ин гуна модарон ёрии моддӣ мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи Соли нави 2021 сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова, ки аллакай ду фарзанд дошт, якбора панҷ фарзанд – ду писару се духтар – ба дунё овард. Таваллудро табибони таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе анҷом доданд.

Қаблан, моҳи декабри соли 2020 дар таваллудхонаи рақами 3 дар шаҳри Душанбе чоргоник – ду писару ду духтар ба дунё омада буданд. Ҳамчунин соли 2015 дар ҳамин таваллудхонаи пойтахт чоргоникҳо ба дунё омада буданд, ки давлат ба он оила хона дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.