Ҷавони 23-соларо барои озори модару ҳамсараш ҳабс карданд

Милитсияи шаҳри Душанбе як ҷавони 23-солаи пойтахтро барои озори модару ҳамсараш 15 шабонарӯз ҳабс кардааст. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми дирӯз бо нашри як хабарнома аз ин ҷавон Зиёратшоҳ Шакаров, истиқоматкунандаи кӯчаи Сурхоби пойтахт ном бурд ва гуфт, ӯ пайваста дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо модар ва ҳамсару бародари худ муноқиша карда, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Душанбе як ҷавони 23-солаи пойтахтро барои озори модару ҳамсараш 15 шабонарӯз ҳабс кардааст.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми дирӯз бо нашри як хабарнома аз ин ҷавон Зиёратшоҳ Шакаров, истиқоматкунандаи кӯчаи Сурхоби пойтахт ном бурд ва гуфт, ӯ пайваста дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо модар ва ҳамсару бародари худ муноқиша карда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст мезадааст.

Ӯ ҳамчунин, бо дастчӯби махсуси омодакардаи худ онҳоро таҳдид кардааст.

Дар аксе, ки РВКД-и пойтахт нашр кардааст, дида мешавад, ки дар дастчӯб “фашист” навишта шуда, рамзи он ҳам ҳаст. Ин чӣ маъно дорад ва чаро ӯ чунин навиштааст, маълум нест.

“Муддатест ба нӯшидани машруботи спиртӣ машғул гардида, фазои носилимеро дар муҳити хонаводаи худ ба миён овардааст, аз ин сабаб, дастгир карда шуд”, – навиштааст РВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар асоси муроҷиати модар ва пайвандонаш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.

Милитсияи пойтахт мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Зиёратшоҳ Шакаров протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд, ӯ 15-шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.