Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Хонаҳои оташзадаи сокинони Хоҷаи Аъло: “ҳам бо силоҳ оташ заданду ҳам бензин рехтанд”

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара хабар медиҳад, ки ин бегоҳ, баъд аз ба имзо расидани протоколи ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Қирғизистон имкон пайдо карданд, ки бо мардуми зарардида суҳбат кунанд ва манзараву харобиҳои даргириҳои мусаллаҳонаро аз пеш бубинанд.

Ҳалимҷон Ҷӯраев, хабарнигори "Азия-Плюс", ки чор рӯзи охир дар макони даргириҳо қарор дораду хабарҳои дасти аввалро холисона мерасонад, мегӯяд, ки бештар аз 10 хона дар деҳаи Хоҷаи Аъло оташ зада шудаанд. 

Сокинон ба мо мегӯянд, ки қисме аз хонаҳоро бо силоҳҳои оташфишон нишон гирифтаанд ва қисмеро қасдан бензин ва дигар маводи сӯхт пошидаву оташ задаанд. 

ГАЛЛЕРЕЯ (21)





















Низом Шамсиддинов, яке аз ҷабрдидаҳои асосии муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо дар деҳаи Хоҷаи Аъло аст. Ӯ мегӯяд, соати тақрибан 13:00 рӯзи 29 – уми апрел муноқишаи ҷонибҳо аз сангзанӣ ба тирпаронӣ гузашт, ки аввал ҳамсояҳо оғоз карданд. Ду хона поёнтар аз ҳавлии истиқоматии ӯ қирғизҳо дар ҳамсоягӣ ба сар мебаранд. Дар пайи даргириҳо, ки он замон касе аз аъзои хонаводааш дар ҳавлӣ набуд, хонаашро оташ заданд.

Дар натиҷаи ин оташзанӣ 5 тонна гандум, 10 тонна биринҷ, 2 тонна хушкмеваи захиракардааш комилан дар амборӣ хонааш ба коми ин оташ рафтаанд. Ҳамзамон 15 ҳуҷраи хонаи дар тӯли 20 сол ободкардаашт бо амборхонаҳояш сӯхтаву комилан вайрон шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ мегуяд деҳқонӣ мекунад. Ва замонӣ даргириҳо дар хона набуд. Дар давру бари хонаии Шамсиддинов, чанд хона аз болову поён дуртар, 15 хонаводаи қирғиз зиндагӣ мекунанд, ки  

Чанд ҳавли поёну болои хонааш ҳудуди 15 хонаводаи қиргизҳо дар ҳамсоягӣ бо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. "Бо онҳо муносибати бо ҳам хуб доштем, аммо чаро якбора ба оташ задани хонаҳои тоҷикон даст заданд, дар ҳайратам. Намедонам, ки ин корро кӣ кард, ҳамсояҳои қирғизам ё нерӯҳои мусаллаҳашон?. Вале мо хонаҳои онҳоро оташ назадем".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...