Фавти 70 нафар бар асари сардии ҳаво дар Афғонистон. Сокинон аз Толибон шикоят доранд

Вазорати мубориза бо ҳаводиси табиии Афғонистон гуфтааст, ки дар пайи сардиҳои шадиди ахир дар ин кишвар дасти кам 70 нафар фавтидаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад. Ин нашрия бо истинод ба хабаргузории “Ал-ҷазира” рӯзи чаҳоршанбе, 18-уми январ, навишт, ки дар баробари фавти инсонҳо, ҳамчунин беш аз 70 ҳазор чорво низ бар асари […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Вазорати мубориза бо ҳаводиси табиии Афғонистон гуфтааст, ки дар пайи сардиҳои шадиди ахир дар ин кишвар дасти кам 70 нафар фавтидаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

Ин нашрия бо истинод ба хабаргузории “Ал-ҷазира” рӯзи чаҳоршанбе, 18-уми январ, навишт, ки дар баробари фавти инсонҳо, ҳамчунин беш аз 70 ҳазор чорво низ бар асари сардӣ дар Афғонистон талаф ёфтаанд.

Намояндагони Толибон* гуфтааст, ки тайи ду ҳафтаи гузашта дар бештари вилоятҳои Афғонистон ҳаво фавқулода сард будааст, аз ҷумла дар вилоят Ғувр дар охири ҳафта ба -33 дараҷа расидааст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз ҷон бохтани занону кӯдакон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон хабар медиҳанд. Ба итилои расонаҳои маҳаллӣ, дар Ғазнӣ, Форёб, Ҷузҷон ва Бодғис 17 нафар ба шумули занону кӯдакон ҷон бохтаанд. Дар Ҳироту Бағлон 25 нафар, Сарипул ва Пактико 10 нафар аз сардии ҳаво ҷони худро аз даст додаанд.

Бояд гуфт, ки чанд рӯзи охир гузоришҳое аз вилоятҳои мухталифи Афғонистон дар робита ба фавти инсонҳо ва талафоти ҳайвонҳо аз сармои бесобиқаи ҳаво ба нашр мерасад.

Манобеъи маҳаллӣ аз набуди имконоти ҳадди ақал барои муқобила бо сармо ва пешгирӣ аз талафот шикоят доранд ва гуфтаанд, ки мақомҳои маҳаллии Толибон ҳеҷ тадбире барои расидагӣ ба мушкилот надоранд.

Аз сӯе ҳам, шуморе аз муассисоти байналмилалӣ хадамоташонро ба далели сиёсати Толибон дар мавриди ҳазфи занон аз ҷомеа боздоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.