Сухангӯи Ҷабҳа: 13 ҷангҷӯи Толибон асир гирифта шуд

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вилояти Нуристон, ду пойгоҳи Толибонро ба оташ кашида, 13 ҷангҷӯи ин гурӯҳро асир гирифтаанд. Дар ин бора Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳа хабар медиҳад. Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ дар Твиттер нигоштааст, ки ин ду пойгоҳи Толибон* баъд аз зӯҳри дирӯз, сешанбе, 24-уми январ, дар як ҳамлаи тактикии нерӯҳои ин Ҷабҳа ба оташ […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вилояти Нуристон, ду пойгоҳи Толибонро ба оташ кашида, 13 ҷангҷӯи ин гурӯҳро асир гирифтаанд. Дар ин бора Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳа хабар медиҳад.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ дар Твиттер нигоштааст, ки ин ду пойгоҳи Толибон* баъд аз зӯҳри дирӯз, сешанбе, 24-уми январ, дар як ҳамлаи тактикии нерӯҳои ин Ҷабҳа ба оташ кашида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ дар ин даргирӣ ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳеҷ осебе нарсидааст.

Толибон то кунун дар мавриди ин ҳодиса чизе нагуфтаанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин набарди нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо Толибон пас аз сармоҳои шадид аст.

Дар даргириҳои қаблии шадид, ки 26-27-уми декабри соли гузашта дар рустоҳои Тағонак, Хаҷ ва Боғдараи Андаробҳои вилояти Бағлон ҷараён гирифт, ҳар ду ҷониб талафоти зиёд доданд.

Дар пайи ин даргириҳо Хайрмуҳаммади Хайрхоҳ Андаробӣ ва Ғозӣ Муродӣ, фармондеҳони нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Андаробҳои Бағлон кушта шуданд.

Он замон рӯзномаи “8-и субҳ” навишт, ки 26-уми декабр, Абдулҳақ Умар, қумандони амнияи Толибон дар Бадахшон низ дар пайи таркиши мошин кушта шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.